НОМВОЖАҲОИ ТУРКӢ ВА МАВҚЕИ ОНҲО ДАР МИКРОТОПОНИМИЯИ ДЕҲАИ ИМБЕФИ КӮҲИСТОНИ МАСЧОҲ
Дар қатори номвожаҳое, ки аз забонҳои тоҷикӣ ва суғдиву арабӣ маншаъ мегиранд, дар ҳудуди деҳаи Имбеф як гурӯҳ микротопонимҳое ба назар мерасанд, ки баромади туркӣ доранд. Мавқеи ин даста номҳои ҷуғрофӣ дар низоми микротопонимияи деҳаи мазкур мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтааст. Дар қиёс бо маводи топонимикаи манотиқи дигари Тоҷикистон ва маълумоти фарҳангномаҳо чунин натиҷабардорӣ шудааст, ки номвожаҳои туркиро ба ду гурӯҳ тасниф намудан ба мақсад мувофиқ аст: якум номвожаҳое, ки барои аксар минтақаҳо муштарак ҳастанд; дуюм микротопонимҳое , ки бо омилҳои мухталиф дар низоми номвожаҳои ҷуғрофии ин минтақа мавқеъ пайдо намудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 101, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП