НИЗОМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА ЖУРНАЛИСТИКАИ РАҚАМӢ
Ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии низоми таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони рақамикунонии фаъолиятҳои иҷтимоӣ баррасӣ шудааст. Равандҳои муосири рушди муҳити рақамӣ бо афзоиши таҳдидҳои афзояндаи киберӣ, паҳншавии иттилооти бардурӯғ (фейк) ва осебпазирии инфрасохтори иттилоотии воситаҳои ахбори омма тавсиф гардидааст. Таъкид мегардад, ки дар чунин вазъият нақши воситаҳои ахбори рақамӣ ва махсусан журналистикаи рақамӣ , на танҳо дар паҳнсозии иттилоот, балки дар таъмини амнияти иттилоотӣ аҳаммияти рӯзмарра касб мекунад. Хулоса карда мешавад, ки таъмини амнияти иттилоотӣ дар муҳити рақамии муосир барои фаъолияти муассири ВАО шарти зарурӣ аст, зеро агар низомҳои иттилоотӣ ва редаксионӣ бо меъёрҳои муҳофизат таъмин бошанд, онҳо метавонанд аз ҳамлаҳои киберӣ, дуздии иттилоот ва паҳншавии иттилооти бардурӯғ эмин бошанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 105, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП