НИЗОМИ МОЛИЯИ ИСЛОМӢ РУКНИ МУҲИМИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН
Дар мақола вобаста ба ташаккул ва рушди низоми молияи исломӣ дар таҷрибаи иқтисоди ҷаҳонӣ таҳқиқот гузаронида шудааст. Бояд қайд намуд, ки низоми молияи исломӣ ҳамчун рукни муҳими иқтисоди ҷаҳон арзёбӣ гардида, ба раванди рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон таъсири мусбӣ гузошта истодааст. Ҷиҳати таҳияи рушди босамари низоми молияи исломӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ин низом тараққӣ ёфтааст, аз ҷониби муаллиф пешниҳод карда шудааст. Инчунин, муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки заминаҳои асосии рушди низоми молияи исломиро дар кишварҳои мутараққӣ таҳқиқ намояд ва истифодаи самараноки онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод созад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 3 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет