Central AsianResearch Index

НИЁЗҲОИ ИТТИЛООТИИ АУДИТОРИЯ ВА ИСТИФОДАИ SMM

Талаботи иттилоотии сегментҳои мухталифи аудиторияи мақсаднок ва нақши SMM дар қонеъ гардонидани талаботи мазкур баррасӣ шудааст. Зикр шудааст, ки дар ҷомеаи муосири иттилоотӣ истифодаи самараноки маркетинг дар шабакаҳои иҷтимоӣ ( SMM ) як ҷузъи асосии стратегияи муошират, бизнес ва мубодилаи иттилоот бо аудиторияи мақсаднок мебошад. Барои босамар гардидани фаъолияти SMM , расонидани маълумоти зарурӣ ба хонанда, мутобиқ кардани бизнес ва хидматрасонӣ бо хоҳиши харидор ва аз даст надодани аудиторияи мақсаднок муҳим аст, ки ниёзу хоҳишҳои он аниқ карда шуда, ба назар гирифта шаванд. Аҳаммияти рӯзафзуни иттилоот ва маркетинг дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нишон дода шуда, барои рушди самараноки ин соҳаҳо тавсияҳо пешниҳод мегарданд. Ҳангоми пажӯҳиш маълумоти омории сомонаҳои расонаҳо, нишондиҳандаҳои таҳқиқотии сотсиологии созмонҳои таҳқиқотӣ, омори ҷустуҷӯӣ дар пойгоҳҳои Google Trends ва «Яндекс Вордстат» истифода шудааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 101, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП