Central AsianResearch Index

НИГОҲИ ТОЗА БА МАФҲУМИ ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ

Маќолаи мазкур ба тањлили таѓйирот ва дигаргунињое бахшида шудааст, ки дар дарки њувият ва худшиносии миллї дар шароити љањонишавї ва таѓйироти фарњангї ба вуљуд меоянд. Дар мақолаи мазкур равишҳои анъанавӣ ба ин мафҳумҳо, инчунин тафсирҳои муосири онҳо, ки дар заминаи ҳамкории ҷаҳонии мардум, равандҳои муҳоҷират ва таъсироти фарҳангӣ аҳамият пайдо мекунанд, баррасӣ шудааст. Таваҷҷуҳи хоса ба мафҳуми «нигоҳи нав» ба ҳувияти миллӣ дода мешавад, ки бознигарии нақш ва аҳамияти омилҳои анъанавии фарҳангӣ ва этникӣ дар ташаккули ҳувият дар ҷаҳони муосирро дар бар мегирад. Дар мақола масъалаҳои марбут ба таъсири расонаҳои ҷаҳонӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фанновариҳо ба дарки ҳувияти миллӣ ва мушкилоте, ки ҷомеаҳои муосир дар дарёфти тавозун байни ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҳамгироӣ ба раванди ҷаҳонии фарҳангӣ рӯбарӯ ҳастанд, таҳлил шудааст. Дар мақола таъкид мегардад, ки дар шароити глобализатсия, худгоҳи миллӣ набояд баста ва махдуд бошад, балки муҳим аст, ки вижагиҳои он, эҳтиром ба гуногунрангӣ ва табодули байнифарҳангӣ ҳифз карда шавад. Ҳадафи мақола нишон додани он аст, ки мафҳуми ҳувияти миллӣ дар посух ба рӯйдодҳои ҷаҳонӣ чӣ гуна тағйир меёбад ва кадом равишҳои нав метавонанд ба таҳкими ҳувияти миллӣ дар ҷаҳони муосир мусоидат намоянд.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 1, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3079-1758
Издатель
Таджикский педагогический институт в Раштском районе