НИГОҲЕ БА ЗИНДАГӢ ВА ОСОРИ ФАРИДУН МУШИРӢ
Мақола ба баррасии зиндагӣ, фаъолияти эҷодӣ ва мероси адабии шоири муосири эронӣ Фаридун Муширӣ бахшида шудааст. Дар ин мақола ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти муосири форсӣ, таъсири мактаби Нимо Юшиҷ ба сабки эҷодии шоир ва хусусиятҳои асосии шеъри ӯ таҳлил мегардад. Муаллиф бо такя ба тарҷумаи ҳоли шоир марҳилаҳои муҳими зиндагӣ, фаъолияти корӣ ва рӯзноманигории ӯро шарҳ додааст. Ҳамзамон, хусусиятҳои бадеии ашъори Муширӣ, аз ҷумла нақши меҳварии ишқ , эҳсосоту авотиф, забони сода ва равон мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Дар мақола инчунин маҷмӯаҳои асосии ашъори шоир, раванди ташаккули сабки эҷодӣ ва саҳми ӯ дар рушди шеъри наву пайванди он бо мусиқӣ баррасӣ шудааст. Хулоса, Фаридун Муширӣ ҳамчун яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти муосири форсӣ муаррифӣ гардида, аҳамияти осори ӯ дар фарҳангу адабиёти муосири форсӣ ҷойгоҳи махсус дорад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан