НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ МАТОЪ ВА ЛИБОС
Мақола ба таҳқиқу баррасии пайдоиш ва ташаккулёбии матоъ ва либоси халқи тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ бахшида шудааст. Муаллиф пас аз омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ ба чунин хулоса расидааст, ки аҷдодони мо дар ҳазорсолаи IV пеш аз милод ба бофандагӣ ( матоъ тайёр кардан) машғул буданд. Ҳамзамон, муаллиф дар мақола масъалаи гиромидошт ва ҳифзу нигоҳдории либоси миллии халқи тоҷик дар замони бархурди тамаддунҳо баррасӣ намуда, таъкид доштааст, ки имрӯз дар муҳити ҷаҳонишавӣ хавфи дар зери таъсири фарҳанги кишварҳои дигар аз байн рафтани фарҳанги миллӣ, аз ҷумла сару либоси миллӣ вуҷуд дорад. Биноан ҳамаи мо, ҳам ҷомеа ва ҳам ҳукумат бояд барои нигоҳ доштани либоси миллӣ саъй кунем ва аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (115)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни