НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ИЛМИ СИТОРАШИНОСӢ ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШУРАВӢ
Дар мақолаи мазкур дар заминаи омӯзиш ва таҳлили маводи бойгонӣ ва илмӣ таърихи бунёд ва рушди илми ситорашиносӣ дар Тоҷикистони Шуравӣ инъикос ёфтааст. Муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки иқдомҳои давлати навбунёди Иттиҳоди Шуравиро ҷиҳати барпо намудани яке аз аввалин муассисаҳои илмӣ Расадхонаи астрономии Тоҷикистон ва дастовардҳои олимони нахустини онро возеҳу равшан нишон бидиҳад. Аз натиҷаи таҳқиқу мушоҳидаҳои астрономӣ тавассути таҷҳизоти мавҷудбудаи расадхонаҳои Ҳисор ва Санглох оид ба табиати ситораҳо , сайёраҳо , шиҳобҳо, кометаҳо , астероидҳо ва дигар ҳодисаҳои кайҳонӣ маълумоти илмӣ баён гардида, аз нуқтаи назари таърихӣ баҳо дода шудааст. Оид ба комёбиҳо ва кашфиёти илмии астрофизикони Тоҷикистон, ки шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд, маълумоту далелҳои зиёди илмӣ оварда шуда, аз тарафи Иттиҳоди байналмилалии астрономҳо номгузорӣ гардидани 8 адад астероидҳо ба номи олимони тоҷикистонӣ нишони ин эътибор мебошад. Дар бораи рушду нумӯи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастовардҳои муосири илмии олимони он ибрози назар шудааст.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА