Central AsianResearch Index

НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ФАРҲАНГИ МАНЗИЛИ ТОҶИК

Дар ин мақола масъалаи инкишофи манзилҳои истиқоматии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан шаҳрҳои хурду миёнаи минтақаҳои шимолии кишвар дар асрҳои ХIХ ибтидои ХХ ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Маводи дар мақола овардашуда дар асоси маъхазҳои муътамади таърихии сарчашмаҳои илмию тадқиқотии муҳаққиқони хориҷию дохилӣ монанди В.В. Бартолд, В.А. Жуковский, А.А. Семенов, М.С. Андреев, И.И. Зарубин, Н.А. Кисляков, В.Л. Воронина, А.К. Писарчик, Р.С. Муқимов, С.М. Мамадҷонова асоснок карда шудаанд. Манзили суннатии миллии тоҷикон аслан он на танҳо аз ҷиҳати талаботи функсионалӣ, балки аз ҷиҳати маънавӣ низ муайян карда мешуд. Манзил ҳамеша муқаддас ба ҳисоб мерафт. Риояи расму ойин, ҷониби маросими гуногуни зиндагӣ дар дохили манзил ва ҷузъҳои алоҳидаи он инъикос ёфтааст. Дар баробари ҷанбаҳои меъморию сохтмонӣ мақола ба масъалаҳои этнографӣ, бостоншиносӣ , лексикографӣ, ки баъзе нуқтаҳои мақола аз китоби муқаддаси «Авесто» сарчашма мегиранд, таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Ҳадафи мақола эҳё ва ҳифзи анъанаҳои волои манзилҳои мардумӣ, истифодаи пурсамари масолеҳи маҳаллӣ дар алоқамандӣ бо омилҳои иқлимию табиӣ ва расму анъанаҳои бостонӣ мебошад.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2024 · № 3 (38)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА