Central AsianResearch Index

НИГОҲЕ БА ТАҲАВВУЛОТИ МАОРИФИ МУОСИРИ АФГОНИСТОН ДАР СОЛҲОИ 2001-2016

Мақола ба тавсифи умумии таҳаввулоти маорифи Афгонистон дар солҳои 2001-2016 бахшида шудааст. Тазаккур меравад, ки ҷангҳои хунин ва бо сиёсатҳои гуногун печидаи Афгонистон воқеан ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии ин кишварро хароб кард, аммо бо ин ҳама ҳукумати вақти Афгонистон барои рафъи рукуд ва эҳёи зерсохтори низоми маориф талошҳои пайваста зоҳир менамуд. Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки дар охири асрҳои ХХ ва ибидои асри XXI низоми маорифи Афгонистон сол аз сол рушд менамуд. Қайд мешавад, ки низоми маорифи муосир, ба монанди системаи сохторӣ ва мухолифати дохилии кишвар аз лиҳози таърихӣ зери таъсири муҳофизакории суннатӣ (давомнок) ва арзишҳои гузашта, рушд намудааст. Ба вижа нуфузи ислом дар низоми таълими анъанавии Афгонистон , ки аз ҷониби ашхоси диндор эҷод шудааст, дида мешуд. Аз ин рӯ, маорифи муосир бартарафсозии маърифати анъанавиро фарз менамуд ва мутобиқи шароити муосир амал мекард. Низоми маорифи муосири Афгонистон дар ташаккули зайнҳо (омӯзгорон), намояндагони табақаҳои миёна ва болоии кишвар, табақаи зукаи кишвар (мулкӣ ва низомӣ), пешвоён ва фаъолони ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ва гайра нақши муҳим дорад. Фаъолияти онҳо дараҷа ва мундариҷаи таҳсилоти муосир ва ҷаҳонбинии онҳоро инъикос мекард.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 3 (68)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова