Central AsianResearch Index

НИГОҲЕ БА РОҲУ УСУЛҲОИ ТАСНИФИ ИСТИЛОҲОТИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ

Мақолаи мазкур ба яке аз масъалаҳои мубрами истилоҳшиносӣ, яъне масъалаи роҳу усулҳои таснифи истилоҳоти технологияи иттилоотӣ бахшида шудааст. Муаллифи мақола зимни баррасии масъалаи мавриди назар, аҳамият ва дараҷаи омӯхта шудани мавзуъро дар забоншиносии муосир, махсусан бо такя ба корҳои анҷомёфта дар асоси маводди забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нишон додааст. Инчунин, дар мақолаи мазкур марҳилаҳои асосии рушди истилоҳоти соҳаи технологияи иттилоотӣ нишон дода шудааст. Фикру мулоҳизаҳо вобаста ба таснифи истилоҳоти технологияи иттилоотӣ, бо такя ба андешаҳои муҳаққиқони пешин, нишон дода шудааст. Дар мақола зикр гардидааст, ки яке аз роҳҳои нисбатан маъмули таснифоти истилоҳоти мазкур ин гурӯҳбандии мавзуии онҳо вобаста ба зерсоҳаи истифодаи онҳо мебошад. Яъне истилоҳоти технологияи иттилоотӣ ба истилоҳоти умумӣ, сахтафзор, нармафзор, барномасозӣ, кори системаи компютерӣ ва технологияи компютерӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳамчунин методҳои дигари таснифи истилоҳоти технологияи иттилоотӣ нишон дода шуда , ҳар кадоми онҳо бо мисолҳои мушаххас асоснок гардидаанд .

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3 (116)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни