Central AsianResearch Index

НАЗОРАТИ ГУМРУКЇ ПАС АЗ ИЉОЗАТИ МОЛҲО: ТАМОЮЛИ МУОСИР ВА ДУРНАМО

Дар мақола фаъолияти муосири мақомоти гумрук дар самти иљрои назорати гумрукї баъди иљозати мол дар марҳилаи љаҳонишавї баррасї гардида, татбиқи тартиби содагардонии муносибатҳои ширкаткунандагони фаъолияти иқтисодии хориљї бо мақомоти гумрук, инчунин, ба роҳ мондани назорати гумрукї пас аз иљозати молҳо таҳти омўзиш қарор дода шудааст. Дар шароити иќтисоди бозорї ва вобаста ба он афзудани ҳаљми гардиши савдои хориљї, Тољикистонро зарур аст чунон шароитеро муҳайѐ намояд, ки фаъолияти оид ба интиќоли ѓайриќонунии молҳо аз сарҳади гумрукии кишварамон ва муомилоти баъдии онҳо дар ҳудуди Тољикистон аз нигоҳи иќтисодї номаќбул гардад. Диќќати асосї бояд ба ташкили низоми назорати бефосила бо маќсади ихтисори ваќти иљрои амалиѐти гумрукї дода шавад, дар натиља, шароити мусоид барои рушд додани савдои хориљї ба вуљуд меояд. Љорї намудани назорати гумрукї баъди иљозати мол воситаи асосї барои расидан ба ин ҳадаф маҳсуб мешавад. Муаллиф ќайд менамояд, ки назорати гумрукї пас аз иљозати мол дар марҳилаи муосир яке аз роҳҳои содагардонии расмиѐти гумрукї буда, барои тезонидани љараѐни гузариши молҳо аз гумрук, сарфаљўии захираҳои моддї, техникї ва меҳнатии маќомоти гумрук ва ҳам ширкаткунандагони фаъолияти иќтисодии хориљї мусоидат мекунад.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 1 (30)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет