Central AsianResearch Index

НАЗИРИИ НИШОПУРӢ ВА ИСТИҚБОЛИ Ў АЗ ҒАЗАЛИЁТИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Шеваҳои шоиронаи истиқболи Назирии Нишопурӣ аз ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ баррасӣ шудааст. Дар асоси таҳлили ашъори шоир муайян шудааст, ки Назирӣ дар навбати аввал ғазалҳои Камоли Хуҷандро дар вазнҳои мухталиф пайравӣ намудааст. Чанде аз ғазалҳои Назирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки баробари ҳамвазн будан, дар онҳо қофия ва ҳатто рафидҳои ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ истиқбол шудаанд. Истифодаи баъзе таркибҳои шоиронаи Камоли Хуҷандӣ дар сурудаҳои Назирӣ истиқболи мустақими ўро аз шеър ва андешаи ин суханвари номвари сабки ироқӣ бозгўӣ мекунанд. Хулоса шудааст, ки Назирӣ дар баробари истиқбол аз шеваи сухани Камоли Хуҷандӣ дар ғазал баъзе навовариҳое низ кардааст, ки онҳо дар сурати афзудани ҳаҷми умумии байтҳои ғазал , инчунин маънисозиву мазмунофариниҳо дар вожагони қофияшаванда ва монанди ин ҷилвагар мешаванд

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 93, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП