Central AsianResearch Index

НАЗИРӢ ВА МУҲИТИ АДАБИИ ЗАМОНИ ЗИНДАГИИ Ӯ

Муҳити адабии Назирӣ ва робитаҳои ӯ бо шуарои ҳамасари хеш баррасӣ шудааст. Дар ҷараёни таҳқиқ ду марҳилаи эҷодии шоир муқаррар намуда, таъкид шудааст, ки пайвандҳои адабии Назирӣ бо шоирони ҳамрӯзгори хеш нахуст дар Эрон, хоса Кошону Нишопур оғоз ёфта, дар марҳилаи дувуми эҷодии вай дар Ҳинд давом ёфтааст. Зикр гардидааст, ки Назирӣ дар баробари шоири соҳибназар будан, ҳамчун суханвари соҳибмактаби замони хеш эътироф гардида, дар тарбияи шуарои зиёде муваффақ шудаст. Ҳатто бархе аз шоирони ҳамрӯзгори вай бар асари иродати комил нисбат ба Назирӣ аз Эрон ба Ҳинд сафар намуда, ба камолоти эҷодӣ муваффақ гардидаанд. Ашъори Назириро тазмин кардани бузургтарин суханварони сабки ҳиндӣ, аз қабили Соиби Табрезӣ, Воқифи Лоҳурӣ, нозими Ҳиротӣ, Ҳазини Лоҳиҷӣ ва дигарон аз мақому эътибори шоир дар адабиёти форсизабони Ҳинд шаҳодат медиҳад.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 100, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП