Central AsianResearch Index

НАЗАРИЯИ “АДЛУ ИНСОФ” ДАР КИТОБИ “АЛ-ВИСОТАТУ БАЙНА-Л-МУТАНАБӢ ВА ХУСУМИҲИ”-И ҚОЗИИ ГУРГОНӢ

Яке аз асоситарин принсипҳои нақди адабӣ “адлу инсоф”, ки китоби мунаққиди барҷастаи арабизабони форсу тоҷик Қозии Гургонӣ “ал-Висотату байна-л-Мутанаббӣ ва хусумиҳи” бар асоси он навишта шудааст, баррасӣ гардидааст. Усул ва равишҳои интиқодии Қозии Гургонӣ , ки ҳам асарҳои интиқодии замонааш ва ҳам замони муосир аз онҳо мутаасир шудаанд, ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Дар робита бо принсипи нақдии зикршуда, баъзе аз андешаҳои интиқодии Қозӣ оварда шуда, ҳар яки он бо абёте аз ашъори шоирони арабизабони форсу тоҷик мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки бояд мунаққид аснои интиқод оромиши рӯҳӣ ва омодагии равонӣ дошта бошад, вагарна вуҷуди ӯро ҳасад, бадбинӣ ва таассуб фаро гирифта, ҳусни асарро ба қубҳ ва хубии онро ба бадӣ тағйир медиҳад. Агар мунаққид принсипи “адлу инсоф” -ро риоя накарда, ба ҳавову ҳаваси шахсии хеш дода шавад, пас дар адабиёт ҷуз абёти каме дигар чизе боқӣ намемонд.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 105, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП