Central AsianResearch Index

Назарияи ќабул намудани шиканља бидуни интиќом

Дар мақола зимни андешаҳои ахлоқии мутафаккирони форсу тоҷик зиддиятҳои байни воқеияти реалӣ (ҳастӣ) ва боис гаштан мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд гардидааст, ки ҳарчанд инсон зери низом ва ғояҳои волои ахлоқӣ рушд ва такомул меѐбад, ҳамон андоза номукаммал будани ҷомеаи инсонӣ ва азоби рӯҳӣ кашидани худи инсон ба мушоҳида мерасад. Зикр шудааст, ки инсон тамоми ҳаѐти худро барои бартараф намудани ин зиддият равона менамояд ва ҳастии худро пурра ба аъмоли накӯ воҷиб мегардонад ва худ аз он ғизо ва нафосати маънавӣ мегирад. Гуфта шудааст, ки барои инсон ҳаловати волотарин ин саҷда ба Яздони пок аст. Агар инсон ба Ҳақ Таъоло комилан мутеъ ва вафодор бошад, ҳамагуна касофӣ аз ӯ дур мемонад дар тақозо бо инсонҳои дигар. Хулоса мешавад, ки агар инсон ба тамоми талаботи ҷомеаи мусалмонӣ итоат намояд, хостаҳои худро маҳдуд карда, тоқатпазириро пеша намуда, рӯҳияи худро тарбия созид,дар табиати инсон фаъолияти накӯкорӣ рушд меѐбад ва ин ҳолат инсонро ба таҳаммули ҷабр бидуни қасос водор менамояд.

Сведения

Опубликовано
2019 · № 1 (58)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова