Central AsianResearch Index

НАЗАРИЯ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ БОНКӢ ДАР НИЗОМИ ИҚТИСОДӢ

Яке аз таҳаввулоти азими низоми бонкии имрўза ин тағйирот дар сатҳи бозори хизматрасониҳои бонкӣ маҳсуб меёбад, ки бо техникаву технологияҳои муосир алоқаманд аст. Бо афзудани сатҳи талабот ба амалиёт ва хизматрасониҳои бонкӣ ҳама ташкилотҳои ба мизоҷон хизматрасон дар ҷустуҷўи роҳҳои самараноки хизматрасонӣ мешаванд. Аз ин лиҳоз, дар шароити имрўза вобаста ба васеъ кардани сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ дарёфти роҳҳои имконпазири рушди масъалаи мазкур дар сатҳи таҳқиқоти илмӣ мувофиқи мақсад мебошад. Дар мақолаи мазкур нуқтаи назари олимони соҳа вобаста ба хизматрасониҳои бонкӣ, тафсири таркибии онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Тафсири хизматрасониҳои бонкӣ, аз нуқтаи назари гурўҳӣ ва омилҳо, мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода шудааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4.1 (38)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет