Central AsianResearch Index

НАЗАРИЯҲО, ПРИНСИПҲО ВА ХУСУСИЯТҲОИ ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Иқтисоди сабз яке аз мафҳумҳои навест, ки дар ду даҳсолаи охир ба вуҷуд омада бо консепсияи рушди устувор робитаи зич дорад, ки барои таъмин ва ҳамзамон расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии давлатҳо ва минтақаҳои гуногун пешбинӣ шудааст. Ҳадафҳои иқтисоди сабз коҳиш додани тағироти манфии иқлим ва муҳити зист тавассути тағир додани моделҳои истеҳсолот ва истеъмолот, гузариш ба сохтори нави технологӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ мебошанд. Истилоҳи иқтисоди сабз бори аввал соли 1989 ба илмӣ ворид карда шудааст. Имрӯз бошад ин мафҳум дар адабиёти илмӣ васеъ истифода мешавад. Дар айни замон масъалаҳои иқтисоди «сабз » аз ҷониби кумитаҳо мақомотҳои гуногуни байналмилалӣ, мақомоти давлатии кишварҳои гуногун ташкилотҳои байналмилалию хусусӣ ва ғайра баррасӣ мешаванд. Дар мақола сабабҳо гузариш ба иқтисоди сабз , унсурҳои иқтисоди сабз , назарияҳои иқтисоди сабз , хусусиятҳо ва принсипҳои асосии иқтисоди сабз , таъсири иқтисоди сабз ба дигар соҳаҳо дар шароити муосир мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4.1 (38)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет