Central AsianResearch Index

НАВРӮЗ: АЗ ЭДИКТ ТО ОДАТУ САНАДҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Оид ба таърихи пайдоиши Наврӯз ривоятҳо дар асарҳои илмию адабӣ хеле зиёданд, ки бахше аз онҳо дар мақолаи мазкур қайд шудааст. Аммо замону макон, муаллиф ва ё асосгузори ташаккули ин ҷашн дақиқан маълум нест, ки ин нукта аз ҷониби муҳаққиқон ишора гаридааст. Вобаста ба Наврӯз бошад, асарҳои хеле зиёди илмӣ, илмию оммавӣ ва адабӣ иншо шудааст. Бинобар ин, мақсад ба миён омад, ки масъалаи мазкур аз назари ҳуқуқӣ мавриди матраҳ қарор гирад. Пас аз омӯзиш дар натиҷа сабаби ба вуҷуд омадани онро нисбатан ҳамчун эдик дониста, то шакл гирифтанаш ба одатҳои ҳуқуқӣ ва билохира эътироф, муқаррар ва дарҷ гардидани он дар санадҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ то қадри имкон нишон дода шуд. Натиҷаи кулли асарҳои иншошуда доир ба таърихи пайдоиши Наврӯз ҳамин аст, ки рӯзи навро дар моҳи Фарвардин муайян карда ва онро Наврӯз эълон доштаанд. Агар аввалин муаллифи ин сана аниқ набошад, он ба халқ нисбат дода мешавад. Чуноне ки фолклор асарҳоеро дар бар мегирад, ки муаллиф надоранд ва аз ин лиҳоз, маҳсул ё моли халқ маҳсуб меёбанд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 10, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан