Central AsianResearch Index

НАВОВАРИҲОИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ДАР ЭҶОДИ ДОСТОНИ “ЛАЙЛӢ ВА МАҶНУН”

Шамсиддин Шоҳинро дар таърихи адабиёти тоҷик, метавон аз шоироне унвон кард, ки суннату анъанаҳои достонсароии адабиёти асримиёнагии форсу тоҷикро дар эҷоди “Лайлӣ ва Маҷнун” идома додааст. Шоир бо таълифи достони “Лайлӣ ва Маҷнун” мехоҳад фишорҳои рӯҳии авзои худро, ки бо сабаби марги бармаҳали завҷааш ба вуқуъ пайваста буд, аз байн барад. Аз ин ҷост, ки бо идомаи суннатҳои маснависароӣ, Шамсиддин Шоҳин саҳифаи тозаеро дар баёни қиссаи ошиқонаи “Лайлӣ ва Маҷнун” бунёд мегузорад, ки бо ҳаёти шахсии алоқаманд аст. Аз ин рӯ, дар муқоиса ба достони ҳамноми “Лайлӣ ва Маҷнун” -и Низомӣ, шоир дар таълифи достон навовариҳое дорад, ки аз диди адабӣ муайян кардани онҳо таҳқиқи густардаву амиқро талаб мекунанд. Албатта, дар баробари нишон додани навовариҳои Шоҳин дар достони “Лайлӣ ва Маҷнун” баъзе вижагиҳои ҳунарии шоир ҳам ошкор хоҳад шуд, ки дар баррасии мавзуъ ба он низ ишора хоҳад шуд. Бадеҳист, ки дар маснавии “Лайлӣ ва Маҷнун” -и Шоҳин сӯгу дарди ҷудоӣ, ки бар асари фавти завҷааш боло гирифтааст, дар ҳар сатри достон эҳсос карда мешавад ва ҳамин вижагӣ дар баёни шоир омили ташхис додани дигар навгониҳои достони гардидааст. Дар ин мақола, ҳунари адабии Шамсиддин Шоҳин дар таълифи достони “Лайли ва Маҷнун”-и баррасӣ шуда, кӯшидааст навовариҳои шоирро дар достон нишон диҳад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан