НАСРИ БАЧАГОНАИ ТОҶИКИИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ ВА САҲМИ АБДУЛҲАМИД САМАД ДАР РУШДИ ОН
Дар мақола насри бачагонаи замони Истиқлол ва саҳми яке аз адибоне, ки дар рушди насри бачагонаи тоҷики ин давраи таърихӣ саҳми муҳим дорад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдулҳами Самад тақиқу баррасӣ гардидааст. Муаллиф дар мақолаи хеш қайд намудааст, ки Абдулҳами Самад тавассути осори ҳам барои калонсолон ва ҳам барои кӯдакону наврасон эҷоднамудааш дар дилу дидаи онҳо ҷой гирифтааст. Истиқлоли давлатӣ барои такмил ва пешрафти фаъолияти эҷодии нависандаи муваффақи мо - Абдулҳамид Самад имконияти мусоид фароҳам овардааст, ки осори зиёди нависанда барои кӯдакону наврасон дар ин давраи пуршукӯҳ рӯйи чоп омада, дастраси ҳамагон гардидааст. Ба ин гуфтаҳо осори арзишманди адиб, ба монанди: «Ман - ошнои ту, ту - ошнои ман», «Ёр дар бари ёр», «Ғамхӯрак », «Ёдгор , бас!», « Дили бача», «Се ҳикоя», «Сокини нав», «Ҷӯраи офтоб», «Туҳфаи даҳмарда», «Ду гуноҳ», «Аспи бодӣ », «Гиряи хирс», « Баъд аз сари падар», «Аспи бобом» ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд, ки яке аз дӯстдоштатарин асарҳои кӯдакону наврасони тоҷиканд. Ҳамчунин, дар мақола роҷеъ ба фаъолияти тарҷумонии Абдулҳамид Самад , ки чанде аз асарҳои бачагонаи адибони ҷаҳонро ба забони тоҷикӣ баргардон намудааст, сухан меравад. Дар маҷмуъ, аз таҳқиқоти муаллиф маълум мегардад, ки Абдалҳамид Самад яке аз нависандагони боистеъдоди тоҷик ба ҳисоб рафта, дар рушди насри бачагонаи тоҷики замони Истиқлол саҳми анзишманд гузоштааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан