Central AsianResearch Index

НАМУДҲОИ ШАРТНОМАҲОИ МЕЪЁРӢ

Аниқ муайян накардани намуди шартнома (шартномаи меҳнатӣ, шартномаи меъѐрӣ ва ѐ шартномаи коллективӣ ) аз ҷониби тарафҳои онҳо дар амалия боиси рух додани низои байни ҷонибҳо шуданаш мумкин аст ва барои посух додан ба шаҳрванд дар хусуси то чӣ андоза асоснок будани бастани он аз ҷиҳати илмӣ ва назариявӣ баъзе мушкилиҳоро ба миѐн оварда метавонад. Дар низоми шартномаҳои мавҷуди мақоми махсусро шартномаи меъѐрӣ ишғол менамояд. Он дар аксари низоми соҳаҳои ҳуқуқ дучор мешавад. Шартномаи коллективӣ ба яке аз намудҳои асосии санадҳои меъѐрии дохилии ташкилотҳо мубаддал гашта, тавассути он ҳамкории иҷтимоии корфармо ва мақомоти намояндагии коркунони кироя дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва касбӣ таъмин мегардад. Мақола фарогири масъалаи танзими ҳуқуқии намудҳои шартномаҳои меъѐрӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ буда, муаллиф бо истифода аз андешаҳои олимони ватанӣ ва хориҷии соҳаи ҳуқуқи меҳнат, қонунгузории ватанӣ оид ба мафҳум, мазмун ва намудҳои падидаи мазкур андешаронӣ намудааст.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 2 (91)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП