Central AsianResearch Index

НАМУДҲОИ ҶАВОБГАРИИ ҲУҚУҚӢ: НУҚТАҲОИ НАЗАРИ МУБОҲИСАВӢ

Нуқтаҳои назари мубоҳисавии намудҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Зимни таҳқиқот андешаҳои олимони ватанию хориҷиро таҳлил ва нуқтаҳои назари мубоҳисавии намудҳои нави ҷавобгарии ҳуқуқӣ муайян карда шудааст. Натиҷаи таҳқиқот нишон медиҳад, ки то кунун меъёри дақиқу ягона барои тафриқасозии намудҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Баъзе аз олимон ҷавобгарии ҳуқуқиро ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ мепазиранд ва баъзеи дигар онро рад мекунанд. Аз сабаби он ки бисёре аз муносибатҳои ҳуқуқӣ тавассути соҳаи муайяни ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шаванд ҳам, вале тавассути намудҳои мухталифи ҷавобгарӣ ҳифз мегарданд, як намуди ҷавобгарии ҳуқуқиро дохил кардан ба як намуди муайяни соҳаи ҳуқуқ ғайримуҷоз аст.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 97, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП