НАҲВИ КАЛОМИ МАНЗУМ ВА ҶИЛОИ ГИПОТАКСИС ДАР ҒАЗАЛҲОИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ВА КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
Яке аз масъалаҳои мубрами забоншиносӣ – наҳвиёти назм баррасӣ шудааст. Дар он роҷеъ ба муносибати наҳву назм маълумот пешниҳод гардида, баъзе хусусиятҳои наҳвии каломи мавзун ва вижагиҳои наҳвӣ( сохторию маъноӣ)-и ғазал (дар мисоли як ғазали Ҷалолиддини Балхӣ ва як ғазали Камоли Хуҷандӣ) нишон дода шудааст. Таъкид гардидааст, ки дар каломи мавзун ҳам ҷанбаи маъноӣ, ҳам дастурӣ (наҳвӣ) ба вазни шеъру тағйироти муайяни сохтори қолабҳои наҳвӣ вобаста аст; қолаби ( воҳиди) наҳвӣ дар шеър аз байн нарафта, танҳо воҳидҳои наҳв (ибораю ҷумлаҳо) дар қолабҳои дастурии ба вазн, қофия ва ритм мувофиқ сохта мешаванд. Воҳиди ҳадди ақали назм ( мисраъ ё байт) дар корбасти сохторҳои воҳидҳои наҳвӣ маҳдудиятҳои муайянеро тақозо мекунад. Вазни шеър,ритм, баҳр ва навъи қофия ба имконоти тафсилдиҳии воҳидҳо (қолабҳо)-и наҳв алоқаманд аст. Баррасии сохтори наҳвии ғазали Ҷалолиддини Румӣ –“Ҳамебинем соқиро, ки гирди ҷом мегардад” ва ғазали “Сўфӣ аз риндон бипўшад май, ки дар хилват бинўшад”и Камоли Хуҷандӣ нишон медиҳад, ки хусусиятҳои ин навъи шеър қолабҳои махсуси наҳвӣ ( ҷумлаи мураккаби тобеъ , ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиба , ҷумлаи омехта) -ро талаб кардааст. Шоирон барои ифодаи фикри мураккабу печида ва маъноҳои нозуку муассир дар ин ғазалҳояшон ягон ҷумлаҳои содаро истифода набурдаанд, танҳо дутогӣ ҷумлаи мураккаби тобеъ ва дигар ҷумлаҳои мураккаби сертаркибаю ҷумлаҳои мураккаби омехтаро кор фармудаанд, ки хеле ҷаззобу ҷолиб буда, аз истеъдоди баланду маҳорати нотакрори муаллифон гувоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин бояд таъкид намуд, ки ҷумлаҳо ҳаҷман калон набуда аз 13 то 22 вожа таркиб ёфтаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · Т. 93, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП