НАҚШИ ВАСӢ ВА ПАРАСТОР ДАР ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ КӮДАКОНИ БЕ ПАРАСТОРИИ ПАДАРУ МОДАРМОНДА
Дар мақола масъалаи нақши васӣ ва парастор дар таълим ва тарбияи кӯдакони бе парастории падару модармонда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф, масъалаи мазкурро баррасӣ карда, хулоса намудааст, ки дар замони муосир, васоят ва парасторӣ яке аз шаклҳои бештар паҳнгардидаи кӯдакони бе парастории падару модармонда ба шумор меравад, ки хислати байнисоҳавӣ дошта, бо меъѐрҳои ҳуқуқи оилавӣ, маданӣ ва маъмурӣ ба танзим дароварда мешаванд. Бо ҳамин назардошт, фаъолияти мақомотҳои васоят ва парасторӣ, васиѐну парасторон фақат ба тарбия ва нигоҳубини ашхосе, ки аз падару модар маҳруманд рӯ гардонданд равона карда шудааст. Ин корест, ки хайру савобаш ниҳоят зиѐд аст ва созовори эҳтироми ин дунѐву он дунѐ мегарданд. Шахсро танҳо бо розигии худаш васӣ парастор таъин кардан мумкин аст. Ҳангоми ба кӯдак таъин намудани васӣ парастор бояд одобу ахлоқ ва сифатҳои дигари шахсӣ, ба иҷрои ӯҳдадориҳои васӣ қодир будани ӯ, муносибати байни ва шахси муҳтоҷи васоят парасторӣ, муносибати аъзои оилаи васӣ нисбат ба кӯдак , инчунин хоҳиши худи кӯдак ба инобат гирифта мешавад.
Сведения
- Журнал
- Bulletin of the Tajik Pedagogical Institute in Rasht District. Law, History and Economics Series
- Опубликовано
- 2024 · Т. 2, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3079-1758
- Издатель
- Таджикский педагогический институт в Раштском районе