НАҚШИ УСТОД АЙНӢ ДАР ТАРБИЯИ ОЛИМОНИ ҶАВОН
Мақола ба баррасии нақши устод С. Айнӣ дар тарбияи олимони ҷавон ва раҳнамоии онҳо барои таҳқиқи масъалаҳои илмӣ бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки устод Айнӣ дар баробари як адиби забардаст буданаш, ҳамчун яке аз саромадони илму таҳқиқи тоҷик соҳиби мактаби хоси илмиву адабӣ буда, дар тарбияи адибону нависандагон, рӯзноманигорон ва умуман аҳли илму пажӯҳиш саҳми бузург гузоштааст.Тазаккур меравад, ки тамоми рӯзгор ва осори устод Айнӣ барои шоирону нависандагон, адабиѐтшиносону забоншиносон , таърихшинсон ва олимони ҷавон дар роҳи илм мактаби бузурги омӯзиш ва таҷриба маҳсуб меѐбад.Ишора мешавад, ки дар солҳои 30-50-уми асри ХХ унвонҷӯѐну аспирантони зиѐде, монанди Н.Раҳимов,С.Табаров, М.Шукуров, Р.Ҳодизода, ба устод Айнӣ , доир ба паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъҳои илмию тадқиқотии худ, бевосита ва ѐ тавассути мактуб муроҷиат намуда, маслиҳату машваратҳои судманд гирифтаанд. Ҳамчунин устод Айнӣ бо тақризҳои илмиаш ба диссертатсияҳои олимони ҷавон дар тайѐр намудани кадрҳои ҷавони илмӣ хидмат намудааст. Хулоса мешавад, ки аз мактаби илмӣ ва таҷрибаи пажӯҳишгарии устод Айнӣ дар солҳои 30-50-уми асри гузашта даҳҳо нафар олими ҷавони тоҷик сабақ бардошта, бо роҳнамоиву машваратҳои мустақими устод ба роҳи илм қадам ниҳодаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 3 (76)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова