НАҚШИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТҲОИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОНИ МУОСИР
Дар мақолаи мазкур нақши Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Таъкид карда мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши муборизаи ҷомеаи байналмилалӣ бо терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар қарор дошта, ҷиҳати таъмини сулҳу суботи сартосарӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ пайваста иқдомоти зарурии муштаракро роҳандозӣ менамояд. Ҳамчунин таъкид мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон , бо роҳандозии густурдаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳадафи бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайгирӣ мекунад. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳҳо созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сайёра саҳми босазо мегузорад.Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии худ аз роҳи музокирот ва машваратҳо дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ фаъолона саҳм мегузорад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан