Central AsianResearch Index

НАҚШИ ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИТИҶОРАТӢ ДАР ҶАЛБИ ЗАНОН БА ФАЗОИ ИҚТИСОДИИ ҶОМЕА

Рушди занон яке аз мушкилоти иҷтимоӣ ва афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, пайваста дар маркази таваҷҷӯҳи ҳукумати кишвар қарор дорад. ПАЁМИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД. 2024 / №1 (40) 42 Дар мақолаи мазкур мушкилоти ба фазои иқтисодӣ ҷалб намудани занон ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа тавассути ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ баррасӣ гардидааст. Дар шароити муосир, ҷалби васеи занон ба фазои иқтисодӣ барои кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо мушкилии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рў, нақши ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ташаккули соҳибкории занон ва шуғлнокии онҳо мусбӣ арзёбӣ гардида, чунин ташкилотҳо метавонанд ҷиҳати рушди занон дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла фаъолияти омўзишӣ машваратӣ, ҷалби грантҳои байналмилалӣ, малакаи пешбурди соҳибкорӣ , истифодаи замин ва ғайра мусоидат намоянд. Дар ин замина фаъолияти самараноки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар шароити кунунӣ метавонад ҷиҳати паст кардани шиддати мушкилоти иҷтимоӣ кумак намояд.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 1 (40)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет