НАҚШИ ТАҶРИБАҲОИ КОМПЮТЕРӢ ДАР ФАЪОЛГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ МАЪРИФАТИИ ХОНАНДАГОН
Мақолаи мазкур ба нақши таҷрибаҳои табиӣ ва компютерӣ дар таълими физика бахшида шудааст. Муаллиф таҷрибаҳои мактабиро ба ду гурӯҳ - намоишӣ ва озмоишӣ ҷудо намуда, аҳаммияти ҳар якро дар омӯзиши фан таъкид мекунад. Таҷрибаҳои намоишӣ бо пешниҳоди қонуниятҳои физикӣ тавассути омӯзгор ба тамоми синф мусоидат намуда, дарки амиқи маводи таълимиро таъмин менамоянд. Дар баробари ин, таҷрибаҳои компютерӣ имкони симулятсияи равандҳои мураккабро дар муҳити виртуалӣ фароҳам меоранд, ки барои амиқ фаҳмидани қонунҳои физикӣ ва ҳамгироии фанҳо, бахусус физика ва информатика, муҳим мебошад. Муаллиф таҷрибаҳои компютерӣ ва табииро муқоиса намуда, нишон медиҳад, ки ҳар ду метод дорои афзалият ва маҳдудиятҳои худ мебошанд. Таҷрибаҳои компютерӣ имкон медиҳанд, ки равандҳои мушкил моделсозӣ ва таҳлил шаванд, дар ҳоле ки таҷрибаҳои табиӣ барои дарки мустақими ҳодисаҳои физикӣ муҳиманд.Таваҷҷуҳи махсус ба нақши омӯзгор дар интихоби таҷрибаҳои мувофиқ ва омодасозии хонандагон ба иҷрои онҳо зоҳир шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан