НАҚШИ СУБВЕНСИЯ ДАР ТАРКИБИ БУҶЕТИ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ РАШТ
Дар мақолаи мазкур нақши субвенсия ва даромдҳои худдӣ дар таркиби буҷети ноҳияҳои минтақаи Рашт дар солҳои 2017-2021 мавриди таҳлилу барраси қарор дода шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, худи буҷет ин ҷадвали молиявӣ буда, аз қисмати даромад ва хароҷот иборат аст, ки аслан барои як соли тақвимӣ таҳия гардида, дар шакли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар тасдиқ карда мешавад. Истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва дар ин замина ба роҳ мондани бунёди корхонаҳои хурду миёна , метавонанд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми минтақа, ғанӣ гаштани қисми даромади худии буҷети ноҳияҳои минтақа заминаи устувор гузорад.
Сведения
- Журнал
- Bulletin of the Tajik Pedagogical Institute in Rasht District. Law, History and Economics Series
- Опубликовано
- 2024 · Т. 1, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3079-1758
- Издатель
- Таджикский педагогический институт в Раштском районе