НАЌШИ СОЗМОНЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВЇ ВА МИНТАЌАВЇ ДАР ТАТБИЌИ ЛОИЊАЊОИ САРМОЯГУЗОРЇ
Дар маќолаи мазкур нақши созмонҳои байналмилалии молиявї ва минтақавї дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории бахшҳои мухталифи иқтисодиёт мавриди баррасї ќарор дода шудааст. Таъмин намудани рушди иқтисодиёти кишварҳои љаҳон, бахусус Тољикистон ҳангоми маҳдуд будани имкониятҳои молиявии дохилї аз воридоти сармояи хориљї вобастагӣ дорад. Бинобар ин, Тољикистон дар баробари дигар кишварҳои љаҳон бо мақсади љалби сармояи хориљї љиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорї бо созмонҳои байналмилалии молиявї ва минтақавї робитаҳои хориљии худро пайваста васеъ намуда истодааст. Муаллиф бо истифода аз маълумоти оморї саҳми созмонҳои байналмилалї ва минтақавиро дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорї таҳлил намуда, таҳкими ҳамкориҳои дуљонибаро бо сармоягузорони хориљї муҳим арзёбї менамояд. Барои љалби манбаъҳои нави сармоягузорї, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии кишвар дар арсаи байналмилалї зарур аст. Муҳимтарин аҳаммият барои ин мунтазам гузаронидани ислоҳоти зарурї дар соҳаҳои гуногуни иқтисодї ба шумор меравад. Бо мақсади амалишавии марҳилаи дуюми Стратегияи миллии рушди Љумҳурии Тољикистон барои давраи то соли 2030, ки марҳилаи рушди суръатноки љалби сармоягузориҳо асос ёфтааст (солҳои 2021-2025), Барномаи миёнамуҳлати рушди Љумҳурии Тољикистон барои солҳои 2021-2025, 258 Барномаи давлатии рушди содирот дар Љумҳурии Тољикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи сармоягузориҳои давлатї барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамї дар Љумҳурии Тољикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардида, мавриди амал қарор доранд. Бинобар ин, густариши њамкорињои бо созмонњои байналмилалии молиявї ва минтаќавї мувофиќи маќсад аст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 3 (32)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет