Central AsianResearch Index

НАҚШИ ШОКИР МУХТОР ДАР ТАҲҚИҚ ВА ТАРҶУМАИ ОСОРИ ОНОРЕ ДЕ БАЛЗАК БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Дар мақолаи мазкур сухан дар бораи нақши Шокир Мухтор дар таҳқиқ ва тарҷумаи осори Оноре де Балзак ба забони тоҷикӣ меравад. Дар пажӯҳиш ва баррасии робитаҳои адабӣ , бахусус дар муайян намудани пайванди адабиёти тоҷик бо адабиёти халқҳои Аврупо олмонӣ, фаронсавӣ, лаҳистонӣ, англисӣ ва ғайра хизмати адабиётшиноси номвари тоҷик, устоди зиндаёд Шокир Мухтор сазовори таваҷҷуҳи махсус аст. Омӯзиши усули муқоисавӣ аз бисёр ҷиҳат барои муайян намудани махсусияти ин ва ё он адабиёти миллӣ ё худ ин ва ё он фардияти нависандагӣ мусоидат мекунад. Шокир Мухтор аз рӯи ҳамин вижагӣ амал намуда, ҳусни таваҷҷуҳи рӯзафзуни фаронсавиёнро ба мероси халқҳои форсу тоҷик нишон медиҳад, ки мавқеи ҳар олим ва устоди суханро дар болоравии илму маърифат ва тафаккури бадеии мардуми Фаронса таъкид менамояд. Асарҳои Балзак дар дили ҳар хонанда нақши асари ҷовидонаро боқӣ мегузорад ва бо тамоми маҳорат тасвир намудани ҳолати кахрамонон ва вазъияти онҳо хонандаашро ба ҳайрат меорад. Зеро баъди хондани асарҳои Оноре де Балзак хонандаро як ҳиссиёти аҷибе фаро мегирад. Имрӯзҳо низ осори Балзак дар байни халқи тоҷик шуҳрати калон дорад. Забон ва услуби ин асари ҷавонмардӣ хеле ҷаззоб буда, завқу шавқи хонандаро ба хондани онҳо зиёд мекунад. Ҳар як нафаре, ки як асари Балзакро мутолиа менамояд, ба ӯ завқи хондани дигар асарҳояш пайдомегардад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4 (117)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни