НАҚШИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ДАР ИДОРАКУНИИ РАВАНДҲОИ ҶАҲОНИШАВӢ
Дар мақолаи мазкур ҷанбаҳои назариявии нақш ва мақоми сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ оварда шудааст. Зикр гардидааст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ мақоми сармояи инсонӣ нисбат ба дигар давраҳои тараққиёти ҷомеа боз ҳам айёнтар мегардад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи нави рушди иқтисодиёт қарор дорад, ки асоси пешрафти иқтисодии кишварҳо аз мавҷудияти сармояи инсонӣ ва бахусус ташаккули донишҳо, қобилияту истеъдодҳо ва маҳорату тавонмандиҳои қувваҳои корӣ вобастагии амиқ дорад. Инчунин, вобаста ба масъалаи мазкур нуқтаи назари олимони ватанию хориҷӣ оварда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 4.1 (38)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет