НАҚШИ САРМОЯГУЗОРИИ ХОРИҶӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақолаи мазкур вазъи муосири фаъолияти сармоягузории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Инчунин дар мақола мавқеи сармоягузории хориҷӣ дар низоми муносибатҳои иқтисодии кишвар ва сохтори сармоягузории хориҷӣ аз руи соҳаҳо таҳлил карда шудааст. Қайд карда мешавад, ки дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодӣ сармоягузории хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва қувваи ҳаракатдиҳандаи тараққиёти иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, аз самаранок ва оқилона истифода намудани он рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар вобастагии калон дорад ва ҳамчун шарти муҳими рушди иқтисодиёти кишварҳо ба ҳисоб меравад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 2.1 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет