Central AsianResearch Index

НАҚШИ ПРОФЕССОР Ҳ. ПИРУМШОЕВ ДАР ОМӮЗИШИ «ШӮРИШИ ВОСЕЪ»

Мақолаи мазкур доир ба нақши профессор Ҳ.Пирумшоев дар омӯзиши яке аз шӯришҳои калонтарини Бухорои Шарқӣ маълумот медиҳад. Профессор Ҳ.Пирумшоев дар натиҷаи омӯзиши манбаҳои бойгонӣ ва сарчашмаҳои хаттӣ доир ба паҳлуҳои мухталифи шӯриш дар асарҳои “ Шӯриши Восеъ“ (1992), “Таърихи омӯзиши Шӯриши Восеъ” (1998) ва “Табли озодӣ дар аҳди бедодӣ”(2018) маълумот додааст. Ба қавли шарқшиносону муаррихон ришвахурӣ дар тамоми ҳаёти маъмурии Бухоро ба расмият даромада, ришва даромади қонунии ҳар як амалдор ба шумор мерафт. Профессор Ҳ.Пирумшоев сабаби сар задани шӯришро зулму асорати амир медонист, ки деҳқонон бо сарварии Восеъ шӯриш бардоштанд. Вале аз сабаби камтаҷрибагии шӯришгарон , надоштани нақшаи муайян, яроқи ҷангӣ ва хиёнати баъзе мансабдорон шӯриш шикаст хурд. Аз рӯи таҳқиқоти профессор Ҳ. Пирумшоев шӯриши Восеъ соли 1888 сар задааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан