Central AsianResearch Index

Нақши Президенти Тоҷикистон дар барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат

Мақола масъалаи мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарор ва пойдорнамоии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар баррасӣ менамояд. Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ хидмати бузурги шоистаеро ба анҷом расонида, дар ин замина оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор намуда, хоса мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро устувор намуд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайѐ сохт, ба сулҳу суботи миллӣ асос гузошт, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонд. Нишон дода мешавад, ки Сарвари давлат асоси устувори бунѐди ҷомеаи навро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар амал татбиқ кард, Конститутсияи навро таҳия намуда, манбаи ҳуқуқиву сиѐсиро барои имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузошта, ба истиқрори сулҳ ноил шуд.Хулоса мешавад, ки таҷрибаи Президенти Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ мактаби бузурги сиѐсиву давлатдорӣ буда, эътибори сиѐсии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардошт.

Сведения

Опубликовано
2019 · № 2 (59)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова