НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АМАЛӢ НАМУДАНИ СИЁСАТИ ЗАБОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақола саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳифзу такомули забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиќлолӣ баррасӣ менамояд. Сайри иҷмолии таърихии такомули забони тоҷикӣ анҷом ёфта, дар хусуси пойдории забони тоҷикӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърих мулоҳиза баён мешавад. Қайд мешавад, ки тавассути сиёсати давлатии забон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тадқиқи таърихи забони тоҷикӣ кўшиш намуда, китоби дуҷилдаи « Забони миллат – ҳастии миллат»-ро навишта, ҳамзамон барои таҳриру таҷдиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва қабули он замина мегузорад. Ҳамзамон, соли 2008-ро дар миқёси ҷумҳурӣ «Соли гиромидошти забони тоҷикӣ» эълон намуда, барои татбиқи ҳамаҷонибаи забони давлатию меъёр дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Муаллиф ин ҷанбаи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тадқиқ намуда, ба ин хулоса мерасад, ки ӯ барои эҳёи забони тоҷикӣ ва ҳифзи асолати он ба василаи асару мақолаҳо, гузоришу суханрониҳо ва Паёмҳои анъанавии худ хидматҳои мондагор намудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 4 (77)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова