Central AsianResearch Index

НАҚШИ ПАСВАНДҲО ДАР ТАШАККУЛИ ИСМҲОИ ҶОМЕЪ (ДАР МИСОЛИ ПАСВАНДҲОИ -ЗОР, -СОР, -ЛОХ)

Зикр гардидааст, ки дар забони тоҷикӣ унсурҳои калимасоз дар бунёди вожаҳои нав нақши намоён доранд ва шаклгирии калимаҳои нав тавассути пасвандҳо хеле маъмул аст. Таъкид гардидааст, ки дар забони адабии тоҷикӣ унсурҳои калимасоз, ба хусус, пасвандҳои исмсоз афзун ва сермаъно буда, дар имконоти калимасозии чанде аз онҳо хусусияти ифодаи маънии ҷомеъ низ дида мешавад. Сайри таърихӣ ва имконоти вожасозии пасвандҳои -зор , -сор ва -лох дар заминаи манобеи муътамад ва маводи забонӣ нишон дода шудааст. Ба таври хулоса зикр шудааст, ки дар бунёди исмҳои ҷомеъ саҳми пасвандҳои мавриди назар ҳамсон набуда, дар ин самт унсури вожасози -лох нисбат ба пасвандҳои -зор ва -сор каммаҳсул ба шумор рафта, имрӯз дар забони адабии тоҷикӣ танҳо истифодаи исмҳои ҷомеи санглох ва реглох ба мушоҳида расид.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 105, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП