НАҚШИ ОНОМАСТИКАИ «ЁДДОШТҲО»-И САДРИДДИН АЙНӢ ДАР ИНЪИКОСИ МАНЗАРА
Нақши ономастикаи «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ дар инъикоси манзара муҳтавои асосии мақоларо фаро гирифта, муаллиф кӯшидааст дар асоси маводи гирдовардааш доир ба инъикоси манзара ин ҷиҳатҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Номвожаҳои марбут ба шахс ва ғайришахс дар асар барои таъсирбахш гардидани ҳодисаву воқеаҳои асар ва манзарасозӣ хеле нозукона ва бомаврид корбаст намуда, арзиши бадеӣ ва таърихии асарро дучанд гардондааст. Муаллиф зикр менамояд, ки инъикоси манзара дар «Ёддоштҳо»-и устод С. Айниро низ чун истилоҳоти соҳаи номшиносӣ аз нигоҳи сохт ба сода ва мураккаб ҷудо намудан мувофиқи матлаб хоҳад буд. Ҳамчунин аз нигоҳи мансубияти забонӣ ба гурӯҳи забонии тоҷикӣ-тоҷикӣ, тоҷикӣ-арабӣ ва омехта ҷудо намудааст. Ин асар яке аз шоҳасарҳои адабиёти тоҷик маҳсуб ёфта, корбурди ин навъи топонимҳо инъикосгари тарзи зисту зиндагонӣ, машғулиятҳои мардум, урфу одат ва анъанаҳои мардуми шаҳру маҳалҳое, ки дар асар инъикос ёфтааст, ба ҳисоб рафта, омӯзиши онҳо барои бахшҳои дигари илм, аз ҷумла таъриху этнография ва ғайра аҳамияти бузургро молик ва метавон тавассути онҳо баъзе суннату анъанаи мардумии минтақаро мушаххас намуд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (114)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни