НАҚШИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ ДАР РУШДИ ШАХСИЯТИ КЎДАКОНУ НАВРАСОН
Мақола ба баррасии масъалаи нақши муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар рушди шахсияти кӯдакону наврасон бахшида шудааст.Қайд мешавад, ки тањсилоти иловагӣ ҳамчун қисми муҳим ва сохтории соҳаи маориф дар рушди кўдакону наврасон нақши муҳим дорад. Тазаккур мегардад, ки чорабиниҳову машғулиятҳои таълимию тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ берун аз вақти дарсӣ гузаронида шуда, дар рушди шахсият, қобилияти кўдакону наврасон ва қонеъ намудани ниёзҳои инфиродӣ, шавқу ҳавас ва майлу хоҳиши онҳо мусоидат менамояд.Бинобар ин зиёд намудани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ гашта, фарогирии кўдакону наврасон ба ин васила зиёд мегардад. Хулоса мешавад, ки нақши муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани рукнҳои асосии тарбия ва иҷтимоишавии кўдакону наврасон назаррас буда, ба ин самт дар системаи маорифи ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 2 (75)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова