НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ИНЪИКОС ВА ТАРҒИБИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ (дар мисоли рӯзномаи «Хатлон»)
Дар мақола масъалаи инъикоси мавзуъҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар матбуоти даврии маҳаллӣ дар мисоли рӯзномаи «Хатлон» мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Муаллиф бо истифода аз усулҳои таҳлили мундариҷавӣ ва таърихӣ фаъолияти нашрияро дар самти тарғиби мавзеъҳои сайёҳӣ , ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ арзёбӣ менамояд. Дар раванди таҳқиқ муайян гардидааст, ки рӯзномаи «Хатлон» дар солҳои охир, махсусан солҳои 2018–2021, тавассути рубрикаҳои махсус ва силсилаи маводи журналистӣ ба муаррифии захираҳои сайёҳии минтақа ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ҳамзамон, нақши нашрия ҳамчун воситаи муҳими иттилоотӣ ва фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ таҳлил гардида, таъсири он ба ташаккули фарҳанги сайёҳӣ ва эҳёи мероси ғайримоддӣ асоснок карда мешавад. Муаллиф ба хулосае меояд, ки матбуоти даврии маҳаллӣ, бахусус рӯзномаи «Хатлон», метавонад ҳамчун абзори муассири иттилоотӣ дар рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт нақши калидӣ бозад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан