НАҚШИ КОРХОНАҲОИ МУШТАРАК ДАР РУШДИ САНОАТИ МАМЛАКАТ
Зикр шудааст, ки дар замони ҳозира, вақте ки муносибатҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таъсири қонунҳои бозор ташаккул меѐбанд, мутобиқшави иқтисоди миллӣ ба ин қонуниятҳо ба зарурати объективӣ табдил меѐбад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ корхонаҳои муштарак мақоми намоѐнро ишғол менамоянд. Тавассути муқоиса бо таҷрибаи ҷаҳонӣ то чӣ андоза самаранок будани корхонаҳои муштарак дар рушди соҳаи саноати кишвар чун шакли саҳомии хоҷагидорӣ нишон дода шудааст. Саҳми корхонаҳои муштарак дар раванди саноатикунонии иқтисодиѐти кишвар таҳлил гардидааст. Нақши корхонаҳои муштарак на танҳо дар рушди саноатикунонии кишвар, балки равиши вазъиятро низ бояд татбиқ намояд. Вижагиҳои вазъияте, ки корхонаҳои муштарак фаъолият мекунанд ва он дар интихоби ҳадафҳои рушди саноатикунонии мамлакат дар шароити кунунӣ таъсир мерасонад, мушаххасан нишон дода шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 2 (91)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП