НАҚШИ ИСТИЛОҲОТИ ИҚТИБОСИИ МАОРИФ ДАР ТАРКИБИ ЛУҒАВИИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА АНГЛИСӢ
Мақолаи мазкур ба ҷойгоҳи истилоҳоти иқтибосии маориф дар таркиби луғавии забонҳои тоҷикиву англисӣ бахшида шудааст. Бештари вомвожаҳои иқибосии тоҷикиро воҳидҳои луғавии аз забонҳои арабиву русӣ воридгардида ташкил медиҳанд. Дар забони англисӣ бошад, ҷойгузини онҳо вомвожаҳои лотиниву фаронсавӣ ва юнониву олмонӣ ба шумор меравад. Дар раванди таҳқиқ муайян гардид, ки бештари вомвожаҳо бо ҳамон шаклу маъние, ки дар забони асл доштанд, дар забони қарзгиранда ба таҳаввули сохториву маъноӣ дучор нагардидаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 2 (103)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни