НАҚШИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗИЮ ГУМРУКӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА ТАЪМИНИ МУВОЗИНАТИ БУҶЕТӢ
Дар мақолаи илмӣ масъалаҳои назариявӣ ва амалии нақши имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини мувозинати буҷетӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Муаллиф моҳияти ҳуқуқӣ ва иқтисодии имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ҷойгоҳи онҳо дар низоми сиёсати фискалии давлат ва таъсири онҳо ба рушди соҳибкорӣ , сармоягузорӣ , истеҳсолоти ватанӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ таҳлил менамояд. Таваҷҷуҳи махсус ба арзёбии самаранокии имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири онҳо ба даромади буҷети давлатӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт равона гардидааст. Дар асоси таҳлили қонунгузории амалкунанда, нишондиҳандаҳои молиявӣ ва таҷрибаи амалии татбиқи имтиёзҳо, мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла набудани механизми самараноки мониторинг ва баҳодиҳии натиҷаҳои имтиёзҳо муайян карда шудаанд. Хулоса бароварда мешавад, ки истифодаи мақсаднок, шаффоф ва аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноки имтиёзҳои андозию гумрукӣ метавонад ҳамчун воситаи муҳими танзими давлатии иқтисодиёт, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ ва таъмини устувории молиявии давлат хизмат намояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан