Central AsianResearch Index

НАҚШИ ИҚТИДОРИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР РУШДИ УСУВОРИ ИҚТИСОДИЁТИ МИНТАҚАВӢ

Асосҳои назариявӣ ва методологии иқтидори сармоягузорӣ дар рушди устувори иқтисодиёти минтақавӣ баррасӣ шудааст. Шартҳои баланд бардоштани ҷаззобият ва мақсаднокии сармоягузорӣ дар иқтисодиёти минтақавӣ барои таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқ гардидааст. Зикр гардидааст, ки иқтисодиёти минтақавӣ ҳамчун мезосатҳ дорои хусусиятҳои хос мебошад: аз як тараф ҳамчун зернизоми хочагии халқ бо дигар ҷузъҳои минтақа алоқамандии зич дорад ва аз тарафи дигар, дар ҳудуди минтақа ҳамчун хоҷагӣ дар низоми алоқаҳои байни субъектҳои хоҷагидорӣ инкишоф меёбад. Таъкид гардидааст, ки талаботи рӯзафзун ба маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои соҳаҳои инкишофёфта ва сатхи баланди даромаднокии сармоягузорӣ омили калидии рушди иктисодиёти минтақа ба хисоб меравад. Мудаллал гардидааст, ки татбиқи сиёсати хирадмандонаи сармоягузорӣ татбиқи идоракунии самараноки сармоягузории рушди иқтисодӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардида буда, барои баланд бардоштани иқтидори сармоягузорӣ замина мегузорад. Ҳангоми арзёбии иқтидори сармоягузорӣ омилҳои рушди инфрасохтории ҳудуд, иқтидори инноватсионӣ, иқтидори зеҳнии аҳолӣ, ҷузъи захиравӣ ба инобат гирифта мешавад.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 101, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП