Central AsianResearch Index

НАҚШИ ХАЗИНАДОРӢ ДАР ТАЪМИНИ ИҶРОИШИ ҶАРАЁНИ БУҶЕТӢ

Яке аз табаддулотҳои молиявие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, ин ташкил ва барпо гардидани фаъолияти мақомоти хазинадорӣ дар низоми молияи давлатӣ мебошад, ки тавассути он тамоми захираҳои молиявии давлат муттамарказ гардида, сатҳи самарнокӣ ва шаффофияти иҷроиши он баланд гардидааст. Он айни замон ҳамчун фишанги асосии идоракунии молияи давлатӣ баромад намуда, барои рушди соҳаҳои иқтисодию молиявӣ замина гузошта шудааст. Зеро моҳияти асосии низоми хазинадорӣ дар ташкил ва иҷроиши буҷет, муътадил нигоҳдоштани сатҳи пардохпазирӣ, сари вақт ва самаранок иҷро намудани уҳдадориҳои давлатӣ ва баланд намудани сатҳи пардохпазирӣ ва идоракунии воситаҳои захираҳои молиявии давлатӣ инъикос меёбад. Ташкил ва иҷроиши ҷараёни воситаҳои молиявии давлат вазифаи асосии низоми хазинадорӣ буда, иҷроиши уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ин ваколатҳои хазинадорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз нақш ва мақоми низоми хазинадорӣ дар идоракунии молияи мамлакат хеле бузург буда, натиҷанокӣ, самарнокӣ ва иҷроиши шаффофияти воситаҳои буҷетӣ аз фаъолияти он вобастагӣ доранд. Бинобар он мақом ва мавқеи низоми хазинадорӣ дар сатҳи молияи давлатӣ алхусус дар иҷроиши буҷет калон буда, такмил, рушд ва идоракунии самарнокии фаъолияти он аз масъалаҳои актуалӣ ба ҳисоб меравад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 2.1 (41)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет