Central AsianResearch Index

НАҚШИ «ФАРҲАНГИ ҚАВВОС» ДАР НИГАҲДОРИИ АШЪОРИ ШОИРОНИ АСРИ Х

Яке аз фарҳангҳои маъруфе, ки баробари фарҳанги «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ осори зиёди Одамушшуаро Рӯдакӣ ва иддае аз шоирони ҳамасри ӯро истифода кардаву то ба имрӯз расонидааст, «Фарҳанги Қаввос»-и Фахри Қаввос ба шумор меравад, ки нимаи дувуми асри Х111 мураттаб гардидааст. Дар мақола дар бораи заҳмати Фахри Қаввос дар маҳфуз доштани ашъори 23 нафар шоирони замони Сомониён меравад. Муаллиф дар заминаи омӯзишу пажӯҳиш муайян намудааст, ки «Фарҳанги Қаввос» аз ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 45 байт, аз Кисоии Марвазӣ, 3 байт, Мунҷики Тирмизӣ, 23 байт, аз Абумансур Дақиқӣ, 20 байт, аз Абушакури Балхӣ, 19 байт, аз Абулаббоси Марвазӣ, 15 байт, аз Абулҳасан Шаҳиди Балхӣ, 10 байт, аз Ҳаким Абутоҳири Хусравонӣ, 8 байт, аз Хусравии Сарахсӣ, 7 байт, аз Шокири Бухороӣ, 7 байт, аз Абулҳасан Оғоҷӣ, 7 байт, аз Тайёни Марғазӣ, 6 байт, аз Маъруфии Балхӣ, 3 байт, аз Имораи Марвазӣ, 3 байт, аз Абулмасали Бухороӣ, 2 байт, аз Абулмуайяди Балхӣ, 2 байт, аз Абунасри Марғазӣ 1 байт, аз Абулъалои Шуштарӣ 1 байт, аз Хуҷастаи Сарахсӣ 1 байт, аз Саффори Марғазӣ 1 байт, аз Ушнони Ҷӯйборӣ 1 байт, аз Абушуайби Ҳиравӣ 1 байт, аз Ҷуллоби Бухороӣ 1 байтро вобаста ба шарҳи луғатҳо мавриди истифода қарор додааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (115)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни