НАқШИ ДАВЛАТҳОИ УЗВИ СОЗМОНИ ҳАМКОРИҳОИ ШАНХАЙ ДАР МУБОРИЗА БА МУқОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ
Мақола ба таҳлили таҳдидҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ ба давлатҳои аъзои СҲШ вуҷуд дорад, бахшида шудааст. Сабабҳои асосии пайдоиши ташкилотҳои террористӣ ва мубориза бо онҳо дар қаламрави СҲШ таҳқиқ мегардад. Дар мақола асосан фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ба монанди Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистон, Ҳизб-ут-таҳрир ал-Исломӣ, Акрамия ва дигар ташкилотҳои терроризми байналмилалӣ ва инчунин фаъолияти онҳо дар истифодаи шабакаи интернет барои ҷалби ҷавонон баҳогузорӣ мегардад. Нақши СҲШ бар мубориза бо ташкилотҳои террористӣ таҳлил гардид. Тазаккур меравад, ки айни замон СҲШ фаъолияти табиии рушди худро дар соҳаи амнияти байналмилалӣ пеш гирифт, ки ин кафили сулҳу субот, оромӣ на фақат дар минтақа, балки дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 1 (66)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова