Central AsianResearch Index

НАҚШИ ДАРАҶАИ МОДАЛИЯТ ВА ВОЖАИ "PLEASE" ДАР МУҲИТИ МУКОЛАМАИ БОЭҲТИРОМ ДАР ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Нақши категорияи модалият дар заминаи муколамаи боэҳтиром дар забони англисӣ аз ҷониби муҳаққиқони англисӣ дар бисёр таҳлилҳо баҳои баланд дода шудааст. Ин мақола истифодаи усулҳои боэҳтиром гуфтанро омӯхта ва таҳлил мекунад. Ҳамчунин дар робита ба мафҳуми эҳтиром вожаи «please» пешниҳод шудааст, ки ҳарчанд вожаи туфайлӣ бошад ҳам, ба дараҷаи модалӣ алоқаи зич дошта, воситаи махсуси одоби гуфтор ва созанда ҳисоб меёбад ва дар воқеъ, дар шакли махсуси эҳтиром намуд, модератор, эътиқод андозагирӣ зоҳир мешавад. Дар мақола дар асоси таҳлилу таҳқиқот нишон дода шудааст, ки дараҷаи модалият бо тамоми сохтори мураккаби худ яке аз воситаҳои баёни ифодаи эҳтиром аст, ки дар ҷузъи асосии интихобшудаи ҳаҷми модалӣ мафҳуми эҳтиромро боварибахш мегардонад, амалиёти гуфтори пурсишӣ ва намоишӣ буда, дараҷаи ифодаи эҳтиромонаро муайян мекунанд. Раванди муосири тамаддуни ҷаҳонӣ, аз як тараф, мардумро водор месозад, ки забонҳои хориҷиро хуб аз худ кунанд, аз тарафи дигар, давлатҳо роҳҳои муассири ташкили омӯзиши онҳо, амиқ омӯхтани забони омӯхташавандаро пайдо мекунанд. Мавзӯи категорияи модалият ҳамчун роҳи ифодаи эҳтиром имрӯз аҳамият дорад, зеро дониши забонҳои хориҷӣ дар ҳалли мушкилот мусоидат менамояд.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 2 (103)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни