Central AsianResearch Index

НАҚШИ БАРОАТИ ИСТЕҲЛОЛ ДАР ДОСТОНҲОИ ИШҚИИ РОМАНТИКИИ АДАБИЁТИ АСРҲОИ XІ-XІІ

Назми оламшумули адабиёти форсу тоҷик бо нобиғаҳои воломақоми худ ҳамеша ва дар ҳама давр қалби дӯстдорони каломи бадеъро ба ваҷд овардааст, ки намояндагони он дар тули қарнҳо аз худ осори бой ва қиматбаҳои адабие боқӣ мондаанд, ки диққати шарқшиносони Шарқу Ғарбро беш аз пеш ба худ кашидааст. Доир ба санъатҳои бадеӣ ва нақши онҳо дар пероста шудани каломи мавзун тадқиқоти зиёди илмӣ ба анҷом расида бошад ҳам, вале дар айни замон баъзе паҳлуҳои муҳимми камомӯхташуда ва ҳалношудае мавҷуданд, ки аз назари муҳаққиқон дур мондаанд. Муаллиф дар ин мақола санъатҳои бадеии лафзӣ ва маънавиро бо назардошти қонунияти дохилии адабиёти бадеӣ шарҳу тавзеҳ дода, оид ба санъати маънавии бароати истеҳлол ва мақоми он дар пуробурангии каломи бадеӣ андешаронӣ кардааст. Муаллиф ҳангоми таълифи мақола аз асарҳои назариячиёни гузаштаи адабиёт роҷеъ ба истифодаи санъатҳои бадеӣ ва тобишҳои маънавии онҳо иқтибосҳо оварда, мушоҳидаҳояшро бо овардани далелҳо қувват бахшидааст. Дар мақола асосан дар бораи корбурди санъати бадеии бароати истеҳлол дар осори шоирони асрҳои XІ-XІІ Низомии Ганҷавӣ, Фаридуддини Аттор ва Фахриддини Гургонӣ сухан рафтааст. Ҳар яке аз ин адибон мувофиқи табъу завқ ва маҳорату истеъдоди худ барои дар сатҳи баланд ифода намудани ғояи асари бадеӣ ва ҳусни таълиф аз санъатҳои бадеӣ корбурд кардаанд. Санъати бароати истеҳлол асосан дар аввали ҳар боби асари бадеӣ истифода бурда мешавад. Дар аввали боб агар фасли баҳор бо тамоми зебоиҳояш – шукуфтани гулҳо, садои обшорон ва чаҳ – чаҳи мурғон тасвир шуда бошад, маълум аст, ки ин боб анҷоми нек дорад. Агар табиат тираву тор, дар ҳоли хазонрезу зулмот тасвир шуда бошад, нишонаи бо нохушӣ анҷом пазируфтани воқеа аст, ки инро дар адабиётшиносӣ бароати истеҳлол меноманд. Адибони достонсарои асрҳои XІ – XІІ дар баробари дигар намудҳои санъатҳои бадеӣ аз санъати бароати истеҳлол ҳар кадоме мувофиқт истеъдоду маҳорати худ истифода бурдаанд Муаллиф асарҳои шоирони болозикрро ба қадри имкон мутолиа намуда, дар муайян кардани маҳорату истеъдоди онҳо дар кори истифодаи санъатҳои бадеӣ муваффақ гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 10, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан